Ҳафтаи оянда Тоҷикистон серборон мешавад



Муассиссаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи ноустувории обуҳаво дар ҷумҳурӣ ҳафтаи оянда маълумот медиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ин муассиса, аз 15 то 23 феврал дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор, боришот, баъзан боришоти шадид дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ хатари тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои тобеи марказ, минтақаҳои доманакӯҳи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ аз боришоти шадид интизорӣ меравад аммо ҳарорати рӯзона дар ҳудуди 8-12 дараҷа гарм боқӣ мемонад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳафтаи оянда обуҳаво дар Душанбе бахусус серборон шуда, ҳарорат 11-13 дараҷа гарм хоҳад буд.

spot_imgspot_img

Популярное