Ҳафтаи оянда Тоҷикистон серборон мешавад

Муассиссаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи ноустувории обуҳаво дар ҷумҳурӣ ҳафтаи оянда маълумот медиҳад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин муассиса, аз 15 то 23 феврал дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор, боришот, баъзан боришоти шадид дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ хатари тармафароӣ аз эҳтимол дур нест. Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои тобеи марказ, минтақаҳои доманакӯҳи вилоятҳои […]

ASIA-Plus



Муассиссаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи ноустувории обуҳаво дар ҷумҳурӣ ҳафтаи оянда маълумот медиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ин муассиса, аз 15 то 23 феврал дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор, боришот, баъзан боришоти шадид дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ хатари тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои тобеи марказ, минтақаҳои доманакӯҳи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ аз боришоти шадид интизорӣ меравад аммо ҳарорати рӯзона дар ҳудуди 8-12 дараҷа гарм боқӣ мемонад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳафтаи оянда обуҳаво дар Душанбе бахусус серборон шуда, ҳарорат 11-13 дараҷа гарм хоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.