Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳи январ ба маблағи 165 млн. $



Моҳи январи соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 890,0 млн. сомонӣ (ҳудуди 165. млн. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи январи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 3,2% зиёдтар аст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Агнтии омор ба зиёдшавии назарраси истеҳсолот дар бахшҳои коркарди чӯб ва маснӯот аз чӯб, истеҳсоли коғаз, фаъолияти ноширӣ, бахши кимиё, дигар маҳсулоти ғайриметаллии минералӣ, соҳаи металлургия ва истеҳсоли маснӯоти металлӣ, тавлиди нерӯи барқ ва ғайра нисбат медиҳанд.

Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим моҳи январ дар 41 номгӯи он (45,6%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 32 номгӯй (35,5%)  истеҳсоли он коҳиш ёфта, 17 номгӯи (18,9%) маҳсулот истеҳсол нашудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 1 ҳазору 156 корхонаи саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда, моҳи январ 562 корхона фаъолият надоштаанд.

spot_imgspot_img

Популярное