Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар моҳи январ ба маблағи 165 млн. $

Моҳи январи соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 890,0 млн. сомонӣ (ҳудуди 165. млн. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи январи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 3,2% зиёдтар аст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро […]

Пайрав Чоршанбиев



Моҳи январи соли равон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 890,0 млн. сомонӣ (ҳудуди 165. млн. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи январи соли гузашта аз рӯи таносуби нарх ба андозаи 3,2% зиёдтар аст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Агнтии омор ба зиёдшавии назарраси истеҳсолот дар бахшҳои коркарди чӯб ва маснӯот аз чӯб, истеҳсоли коғаз, фаъолияти ноширӣ, бахши кимиё, дигар маҳсулоти ғайриметаллии минералӣ, соҳаи металлургия ва истеҳсоли маснӯоти металлӣ, тавлиди нерӯи барқ ва ғайра нисбат медиҳанд.

Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим моҳи январ дар 41 номгӯи он (45,6%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 32 номгӯй (35,5%)  истеҳсоли он коҳиш ёфта, 17 номгӯи (18,9%) маҳсулот истеҳсол нашудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 1 ҳазору 156 корхонаи саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда, моҳи январ 562 корхона фаъолият надоштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.