Анонс
– Дар пойтахти Лубнон – шаҳри Бейрут миёни дастаҳои футболи «Салом Ҷҳарта» (Лубнон) ва «Хайр» (Ваҳдат) бозии плей-оффи Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 доир мегардад. Ғолиби ин бозӣ ба ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 мушарраф мешавад. Оғози бозӣ соати 18-30 ба вақти Душанбе;
– Дасти мунтахаби Тоҷикистон оид ба каратэ-киокушинай ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба ин навъи қувваозмоӣ (18-21 феврал) ба Теҳрон раҳсипор мешавад.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
5.4239
сомонӣ;
1
евро –
6.1707
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.08
69
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1931
– Анҷумани IV-уми Шӯрои ҶШС Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
2003
— Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳоди гурӯҳи вакилони Маҷлиси миллӣ ва МНМО ҶТ дар бораи зарурати ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи ҶТ баррасӣ шуд.
2010
— Дар Душанбе 12 узви созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд.
1940
– Зодрӯзи шоира Ҳадиса Қурбонова.
1959
– Мавлуди ҳунарманди театр Фатҳулло Абдуллоев.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар ноҳияҳои домананкӯҳ боришоти начандон зиёд дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3-8, рӯзона -2+3; дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -4-9.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва шомгоҳон борон меборад, субҳ ва рӯзона бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +12+14.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +12+14.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +7+9.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона 0+2.



