Нигаронии расонаҳо аз «ҳамла» ба журналистони мустақил дар давраи интихобот

Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Шӯрои ВАО Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) бо сабаби дар ВАО ба табъ расидани маводе, ки дар онҳо асли эҳтимолияти бегуноҳии шахс риоя нагардида, истифодаи журналистон ҳамчун олоти муборизаи сиёсӣ ба назар мерасад, изҳори нигаронӣ намуда, ҳамаи тарафҳои раванди интихоботро даъват мекунанд, ки аз рақобати беинсофона даст кашанд […]

ASIA-Plus



Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Шӯрои ВАО Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) бо сабаби дар ВАО ба табъ расидани маводе, ки дар онҳо асли эҳтимолияти бегуноҳии шахс риоя нагардида, истифодаи журналистон ҳамчун олоти муборизаи сиёсӣ ба назар мерасад, изҳори нигаронӣ намуда, ҳамаи тарафҳои раванди интихоботро даъват мекунанд, ки аз рақобати беинсофона даст кашанд ва ба озодии баёни андешаҳо дар давраи интихобот дар Тоҷикистонро эҳтиром гузоранд.

Дар изҳороти ин гурӯҳи расонаҳо дар ин робита қайд мешавад, ки бо вуҷуди борҳо эълон гаштани иродаи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дар мамлакат барпо намудани интихоботи баробар, одилона, шаффоф ва демократӣ, баъзе марказҳои қабули қарорҳо ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида ва қувваҳои сиёсӣ ВАО ва шабакаҳои иҷтимоиро барои бадномсозии рақибонашон истифода мебаранд.

«Ба хизмати мақомоти ҳифзи тартибот оид ба таъмини суботи ҷомеа, муборизаи онҳо бо унсурҳои ҷиноятпеша арҷ гузошта, дар баробари он қайд менамоем, ки намоиш ва интишор додани иттилоот дар ВАО электронӣ ва матбуот дар бораи қонунвайронкуниҳо набояд ҳадафи сиёсӣ ё ғайр дошта бошад, зеро фақат суд метавонад гуноҳи одамро муқаррар намояд. Тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти журналист, воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳангоми инъикоси парвандаҳои ҷиноятӣ бояд аз пешдоварӣ (ҳакамӣ) оид ба гунаҳкор будани ин ё он шахс худдорӣ кунанд. Вале асли мазкур дар маводи омоданамудаи марказҳои матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷумҳурӣ на ҳамеша риоя мегардад», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, ҳамзамон, вақтҳои охир ҳамла ба журналистони мустақил дар намуди таъқиб, фишори равонӣ, паҳн намудани иттилооти ба ҳаёти шахсӣ алоқаманд дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мегардад, ки ҳадафи онҳо дар назди ҷомеа бадном кардани онҳо мебошад. Одамон таҳти имзоҳои мустаор иттилоотеро истифода мебаранд, ки ба сирри шахсӣ ва касбии журналистон дахл дошта, шаҳодати ғайриқонунӣ дастрас шудани иттилооти истифодааш маҳдуд мебошад. Баъзе журналистоне, ки худро ба тоифаи ашхоси озодандеш ва мустақил маҳсуб медонанд, ҳадафи чунин ҳамла қарор гирифтаанд.

«Мо комилан мутмаин ҳастем, ки журналистон набояд барои фаъолияти касбиашон, изҳороти иғвогарона ё танқидие, ки номзадҳо дар интихобот ба унвони аҳзоби дигар, номзадҳои дигар, ҳукумат ё муассисаҳои давлатӣ мегӯянд, ҷавобгарии ҳуқуқӣ ё масъулияти дигаре дошта бошанд», – баён мегардад дар изҳорот.

Дар фарҷом аз ҳукумати ҷумҳурӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳолатҳои зуҳури хушунат, тарсондан ва монеа эҷод намудан ба фаъолияти касбии ин ё он намояндаи ВАО-ро пешгирӣ намуда, таҳқиқи мунсифонаи марбути чунин ҳолатҳоро ба роҳандозӣ намоянд, то ки амнияти журналистон, махсусан дар давраи раванди интихобот, таъмин бошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.