Рӯзи матбуот дар Суғд пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад



Бо дарназардошти саҳми кормандони васоити ахбори оммаи вилоят дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, тарғибу ташвиқи ғояҳои Истиқлолият, санаи 11 март дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, мутобиқи қарори раиси вилоят, дар доираи баргузории Рӯзи матбуоти тоҷик гузаронидани озмуни вилоятӣ барои дарёфти мукофоти Созмони журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, озмуни суратгирони касбӣ ва ҳаваскор дар мавзӯъҳои «Наврӯзи байналмилал – ифтихори тоҷикон» ва «70 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ба ифтихори ин ҷашн баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 85 – солагии рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», спартакиадаи журналистони вилоят оид ба футбол, волейбол, шашка ва шоҳмот, аёдати журналистони бознишаста ва дигар чорабиниҳо дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное