Рӯзи матбуот дар Суғд пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад

Бо дарназардошти саҳми кормандони васоити ахбори оммаи вилоят дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, тарғибу ташвиқи ғояҳои Истиқлолият, санаи 11 март дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, мутобиқи қарори раиси вилоят, дар доираи баргузории Рӯзи матбуоти тоҷик гузаронидани озмуни вилоятӣ барои […]

ASIA-Plus



Бо дарназардошти саҳми кормандони васоити ахбори оммаи вилоят дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, тарғибу ташвиқи ғояҳои Истиқлолият, санаи 11 март дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, мутобиқи қарори раиси вилоят, дар доираи баргузории Рӯзи матбуоти тоҷик гузаронидани озмуни вилоятӣ барои дарёфти мукофоти Созмони журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, озмуни суратгирони касбӣ ва ҳаваскор дар мавзӯъҳои «Наврӯзи байналмилал – ифтихори тоҷикон» ва «70 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ба ифтихори ин ҷашн баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 85 – солагии рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», спартакиадаи журналистони вилоят оид ба футбол, волейбол, шашка ва шоҳмот, аёдати журналистони бознишаста ва дигар чорабиниҳо дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.