Огоҳии ВКХ ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Туркияро доранд



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳуриро огоҳ месозад, ки шурӯъ аз соли нав дар қаламрави Туркия  қонун «Дар бораи шарҳвандони хориҷӣ ва ҳимояи байналхалқӣ» мавриди амал қарор гирифт.

Дар ин робита Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Ҷумҳурии Туркия доранд, мерасонад, ки дар асоси ин қонун ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави Ҷумҳурии Туркия бо шиносномаи хориҷие, ки муҳлати эътибораш кам аз шаш моҳ мебошад, ворид шудан манъ гардидааст.

spot_imgspot_img

Популярное