Тақвияти ҳамкориҳо миёни мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Эрон



Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 19 феврал вохӯрии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири кишвари Эрон ҷаноби Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, нахуст, вазири кишвари Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ ташрифи Рамазон Раҳимзодаро ба сарзамини Эрон боиси хушнудӣ ва сарфарозӣ арзёбӣ намуда, қайд кард, ки муносибатҳои ин ду давлати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта,  барои  рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни ин ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.   

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши силоҳ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки барои пешгирӣ ва мубориза бурдан бо хатарҳои ҷаҳони муосир мо метавонем, танҳо дар ҳамбастагӣ ва ҳамкории муштарак самараи дилхоҳ ба даст оварем.

spot_imgspot_img

Популярное