Тақвияти ҳамкориҳо миёни мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Эрон

Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 19 феврал вохӯрии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири кишвари Эрон ҷаноби Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, нахуст, вазири кишвари Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ ташрифи Рамазон Раҳимзодаро ба сарзамини Эрон боиси хушнудӣ ва сарфарозӣ арзёбӣ намуда, қайд […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 19 феврал вохӯрии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири кишвари Эрон ҷаноби Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, нахуст, вазири кишвари Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ ташрифи Рамазон Раҳимзодаро ба сарзамини Эрон боиси хушнудӣ ва сарфарозӣ арзёбӣ намуда, қайд кард, ки муносибатҳои ин ду давлати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта,  барои  рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни ин ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.   

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши силоҳ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки барои пешгирӣ ва мубориза бурдан бо хатарҳои ҷаҳони муосир мо метавонем, танҳо дар ҳамбастагӣ ва ҳамкории муштарак самараи дилхоҳ ба даст оварем.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.