Имрӯз аз номи Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пояи гулхани абадӣ дар Боғи Ғалабаи пойтахт гулчанбар гузошта шуд.
Сардори маркази матуботи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев дар ин робита иттилоъ дод, ки ба пояи гулхани абадӣ ҳамчунин аз номи раҳбарияи Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратӣ ва собиқадорону ҷангу меҳнат низ гулчанбарҳо гузошта шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, ба муносибати ҷашн дар тамоми қисмҳои низомӣ ва гарнизонҳо озмуну викторинаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва вохӯриҳо бо собиқадорон доир мегарданд.
«Ба ин муносибат дар тамоми қисмҳои низомӣ ва дигар воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дастурхони идона ороста шуда, пешсафони хизмати ҳарбӣ бо мукофоту туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд», – қайд кард Ф.Маҳмадалиев.



