Ҳалокати се тан зери тарма дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Тармае, ки рӯзи 22 феврал дар километри 156-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд фаромад, автомашинаи боркаши «Дулан»-ро ба ҷарии 300-метра сарозер афканд. Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса дар ағбаи Шаҳристон рух дода, дар кабинаи автомашинаи боркаш ронада […]

Аваз Юлдошев



Тармае, ки рӯзи 22 феврал дар километри 156-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд фаромад, автомашинаи боркаши «Дулан»-ро ба ҷарии 300-метра сарозер афканд.

Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса дар ағбаи Шаҳристон рух дода, дар кабинаи автомашинаи боркаш ронада – сокини 57-солаи шаҳри Хуҷанд А.Солеҳхоҷаев ва боз ду нафар сокинони Хуҷанд – бародарон Ином Нуралиеви 40-сола ва Илҳом Нуралиеви 38-сола қарор доштаанд. «Айни замон кормандони Кумита ба ҷустуҷӯи ҷасадҳои онҳо машғуланд», – иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти КҲФ ва МГ, чанде қабл дар роҳҳои мошингарди самттҳои Душанбе – Хоруғ ва Хоруғ – Мурғоб якчанд ҳодисаҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шуда, ҳаракати нақлиётро мушкил сохтаанд. «Феълан ба ҷуз ағбаи Хобуробот дар роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, дигар тариқи ҳамаи ағбаҳо ҳаракати нақлиёт таъмин аст», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.