Афзоиши назарраси ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи январи соли равон ба андозаи 33,1% афзуд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни ҳамсоякишварҳо беш аз 1,6 млн. доллари ИМА (моҳи январи соли 2014 – ҳудуди 1,1 млн. $)-ро ташкил додааст. Қобили зикр аст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи январи соли равон ба андозаи 33,1% афзуд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни ҳамсоякишварҳо беш аз 1,6 млн. доллари ИМА (моҳи январи соли 2014 – ҳудуди 1,1 млн. $)-ро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки пас аз чандин муноқишаи марзӣ миёни кишварҳо дар соли гузашта коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни давлатҳо ба мушоҳида мерасид. Танҳо баъди вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон тирамоҳи соли гузашта дар Душанбе вазъ дар ин самт ба эътидол оварда шуд.

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз қабл вазири иқтисоди Қирғизистон Темир Сариев изҳор доштааст, ки пас аз ба узвияти Иттиҳоди гумрукӣ пазируфта шудани Қирғизистон, ҳаҷми муомилоти молӣ бо Тоҷикистону Ӯзбекистон коҳиш меёбад.

«Марз баста мешавад. Савдо бо Тоҷикистону Ӯзбекистон боздошта мешавад. Чун имрӯз аҳолӣ дигар савдо карда наметавонад. Пас аз баста шудани марзҳо қочоқ боздошта мешавад. Марзҳои мо тариқи реҷаи онлайн назорат мешаванд. Ҳаҷми савдо бо Тоҷикистону Ӯзбекистон коҳиш меёбад», –

хабар медиҳанд

ВАО бо такя ба гуфтаҳои Сариев. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.