Довталабии намояндагони 5 ҳизби сиёсӣ ба курсиҳо дар Маҷлиси вакилони халқи Хатлон

Барои 69 мандати вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон намояндагони 5 ҳизби сиёсии кишвар рақобат мекунанд. Чуноне аз комисияи интихоботии маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» хабар доданд,  5 ҳизби сиёсии кишвар номзадҳои хешро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешбарӣ намудаанд. «Аз ҷумла, аз ҲХДТ – 110 нафар номзад (ин 41 нафараш […]

Сайраҳмон Назриев



Барои 69 мандати вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон намояндагони 5 ҳизби сиёсии кишвар рақобат мекунанд.

Чуноне аз комисияи интихоботии маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» хабар доданд,  5 ҳизби сиёсии кишвар номзадҳои хешро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешбарӣ намудаанд.

«Аз ҷумла, аз ҲХДТ – 110 нафар номзад (ин 41 нафараш ба таври худпешбарӣ), ҲНИТ – 13 номзад, ҲАТ – 9 номзад, ҲИИТ – 7 номзад ва ҲКТ – 4 номзад мебошанд ва ғайр аз ин, 11 нафар ғайриҳизбӣ», – гуфт манбаъ.

Бояд гуфт, ки аз 8 ҳизби сисёсии кишвар 3 ҳизб ҲДТ, ҲСДТ ва ҲСТ номзадҳои худро ба маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод накардаанд.

Ба итилои  манбаъ, аз шумори умумии номзадои сабтшуда 29 нафарашонро занҳо  ва 125 нафарашонро мардҳо ташкил дода, 23 нафар раисони шаҳру ноҳияҳо, раиси вилоят ва чор нафар муовинони раиси вилоят мебошанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.