Лимити истифодаи барқ 27 феврал комилан бекор мешавад

Мутобиқи дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ (лимит) дар ҷумҳурӣ рӯзи 27 феврал комилан бекор карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Ёдрас мекунем, ки қаблан сарвари давлат ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки вақти интиқоли барқ ба аҳолии минтақаҳо то 18 соат дар […]

Аваз Юлдошев



Мутобиқи дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ (лимит) дар ҷумҳурӣ рӯзи 27 феврал комилан бекор карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки қаблан сарвари давлат ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки вақти интиқоли барқ ба аҳолии минтақаҳо то 18 соат дар як шабонарӯз дароз карда шавад ва аз 21 феврал аҳолии минтақаҳо аз соати 05-00-и субҳ то 23-00-и шаб бо барқ таъмин аст.

Аввали ҳафтаи гузашта бошад, Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки аҳолии кишвар дар як шабонарӯз 13 соат бо нерӯи барқ таъмин карда шавад. Он замон хадамоти матбуоти сарвари давлат зикр карда буд, ки минбаъд вақти интиқоли барқ ба аҳолии минтақаҳо тадриҷан зиёд мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола аз аввали моҳи октябр то моҳи апрел дар минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.