Гумонбарии се сокини Суғд ба тахриби терминалҳо

Се сокини вилояти Суғд, аз ҷумла як ноболиғ ба даст доштан дар тахриби терминалҳо гумонбар дониста мешаванд. Аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки се тан аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Ф.Б.-и 19-сола, Т.Р. – и 18-сола ва толибилми синфи 11 Х.Д. ба тахриби теминалҳо дар […]

Мавлуда Рофиева



Се сокини вилояти Суғд, аз ҷумла як ноболиғ ба даст доштан дар тахриби терминалҳо гумонбар дониста мешаванд.

Аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки се тан аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Ф.Б.-и 19-сола, Т.Р. – и 18-сола ва толибилми синфи 11 Х.Д. ба тахриби теминалҳо дар қаламрави шаҳри Хуҷанду ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов машғул будаанд.

«Муайян карда шудааст, ки онҳо 11 адад терминали интиқоли маблағ барои алоқаи мобилиро шикаста, 8 ҳазору 74- сомонӣ пули нақдро азхуд кардаанд ва дар ҳамин ҳол, ҳаҷми зиёни расида аз амали онҳо 10 ҳазору 320 сомониро ташкил медиҳад», – гуфтанд дар Раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати ин афроди гумонбаршуда мутобиқи моддаи 244, қисми 2 –и КҶ ҶТ (Дуздӣ) парванлдаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов