Тамоми ҳайати раҳбарии боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷии шаҳри Маскав баъди қасди худкушӣӣ кардани 8 нафар муҳоҷирон рӯзи 16 феврал аз мансабҳояшон барканор шуданд. Дар ин бора
Агентии иттилооти шаҳрии «Москва»
хабар медиҳад.
«Аввалаш онҳо рагҳои дасташонро набурида, ҳамин гуна вонамуд кардаанд. Албатта, санҷиш гузаронида шуда, тамоми раҳбарияти боздоштгоҳ, ки ба рух додани ин ҳодиса роҳ додаанд, аз мансабашон барканор шуданд. Дар маҷмӯъ 15 нафар, аз ҷумла масъули ошёнаи бино низ аз вазифаашон озод карда шуданд. Мо ҳайатро нав мекунем, ин муассисаи махсус аст, на осоишгоҳ ва шахсоне, ки рагҳои дасташонро бриданӣ шуданд, қаблан якчанд маротиба маҳкум шудаанд, чун дар зиндон рафтор мекунанд, намехоҳанд талаботи оддиро иҷро кунанд, чизҳои манъшударо ба боздоштгоҳ мегузаронанд ва мутаносибан мо тартиботро ҷорӣ мекунем ва минбаъд низ ба ин амал идома медиҳем», – иброз доштааст сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав Олга Кириллова.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки ба нишони эътироз ба шароити будубош дар боздоштгоҳи муваққатӣ 8 нафар шаҳрвандони хориҷӣ рагҳои дастони ххудро буридаанд. Аксари онҳо барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия дар ин боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.
Интерфакс
иттилоъ дода буд, ки оид ба ин қазия Кумитаи тафтишот санҷиш мегузаронад.





