Баррасии «маълумоти кушода» дар заминаи ҳукумати электронӣ дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯъи «Маълумоти кушода дар заминаи ҳукумати электронӣ: равишхои байналмилалӣ ва таҷрибаи Молдова дар заминаи Тоҷикистон» дар Донишкадаи идораи давлатии назди Президенти ҶТ, семинари дурӯза ба кор оғоз кард. Семинар дар доираи лоиҳаи «Инкишофи маълумотҳои  кушода дар ҶТ» – и Бунёди  ҷамъиятии «Интернет» бо дастгирии молии Шуъбаи байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯъи «Маълумоти кушода дар заминаи ҳукумати электронӣ: равишхои байналмилалӣ ва таҷрибаи Молдова дар заминаи Тоҷикистон» дар Донишкадаи идораи давлатии назди Президенти ҶТ, семинари дурӯза ба кор оғоз кард. Семинар дар доираи лоиҳаи «Инкишофи маълумотҳои  кушода дар ҶТ» – и Бунёди  ҷамъиятии «Интернет» бо дастгирии молии Шуъбаи байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Тавре аз  Шуъбаи байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон  хабар доданд, ҳадафи ин семинар муаррифии мафҳумҳое чун «маълумоти кушода» ва «ҳукумати кушода» барои хидматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути омӯзиши таҷрибаҳои байналмилалӣ аст. Ба хотири баррасии модулҳои идоракунии имконпазири маълумотҳои кушода ва санадхои меъёрӣ-ҳуқуқии зарурӣ дар Точикистон дар ин семинар  намояндагони хидматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат мекунанд.

Мутахассисони Институти ҳукумати кушодаи Ҷумҳурии Молдова – Константин Русу ва Николае Кретсу  бо иштирокчиёни семинар масъалаҳоеро аз қабили ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба маълумоти кушода ва донишҳои кушода, омилҳои маълумоти кушода, аз дастрасӣ ба иттилоот то коркарди дубораи иттилооти оммавӣ, баррасӣ менамоянд.


Маълумот:

«Маълумоти  кушода  (англ. open data)  мафҳумест баёнгари он идея, ки маълумоти муайян бояд  барои истифода ва бознашр бидуни маҳдудияти ҳуқуқи муаллифӣ, иҷозатнома ва дигар механизмҳои назоратӣ, дар дастрасии озод бошанд. Аз амалӣ шудани мафҳуми «ҳукумати кушода» фоидаи бевосита ва бавоситаи он на танҳо ба ҳукумат, балки қабл аз хама ба шаҳрвандон мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.