ФАО кишоварзони Хатлонро дастгирӣ мекунад

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе миёни Ташкилоти ғизо ва кишоварзӣ (ФАО), Вазорати кишоварзии ҶТ ва Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Созишномаи дар бораи амалисозии лоиҳаи нави «Дастгирии фаъолияти ҳаётӣ дар Хатлон» ба имзо расид. Тавре аз намояндагии ФАО дар ҶТ иттилоъ доданд, Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ба ФАО дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе миёни Ташкилоти ғизо ва кишоварзӣ (ФАО), Вазорати кишоварзии ҶТ ва Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Созишномаи дар бораи амалисозии лоиҳаи нави «Дастгирии фаъолияти ҳаётӣ дар Хатлон» ба имзо расид.

Тавре аз намояндагии ФАО дар ҶТ иттилоъ доданд, Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ба ФАО дар амалисозии ин лоиҳа маблағ ҷудо намуда, ҳаҷми умумии хизматгузориҳои пешниҳодмешуда беш аз 638 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Лоиҳаи мазкур тариқи афзоиши даромаднокӣ, пешниҳоди технологияҳо ва маблағгузории беҳтар дар соҳаи кишоварзӣ, кумак ба 1,5 ҳазор хонаводаҳои деҳотро фаро гирифта, дар 30 деҳаи ноҳияҳои Муъминобод ва Шӯроободи вилояти Хатлон амалӣ мегардад», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи амалисозии лоиҳа табодули таҷриба бо шарикон, сафарҳои байнулмилалӣ ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти фермерони муваффақ ва пажӯҳишгоҳҳо, машғулиятҳо оид ба пешбурди низомҳои гуногуни деҳқонӣ ва беҳбуди шароити чарогоҳҳо, ҳамчунин омӯзиши 28 нафар байторон ва таъмини онҳо бо нақлиёту таҷҳизоти зарурӣ дар назар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.