Э.Раҳмон санаи баргузории нахустин иҷлосияи парлумони навро таъин кард



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 17 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

Дар иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони тозаинтихоб раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, муовинони ӯ, раисони кумитаву комиссияҳои доимии палатаи поёнии парлумон интихоб карда мешаванд.

Назди вакилони тозаинтихоб сарвари давлат суханронӣ намуда, андешаҳои худро оид ба интихоботи гузашта ва вазифаҳои ояндаи парлумон иброз медорад.

Ёдрас мкунем, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баргузор шуд. Тибқи ҳисоби пешакӣ, аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аксари овозҳо – 65,2%-ро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон касб намуда, Ҳизби аграрӣ – 11,8%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 7,6% ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 5,3%-и раъйҳоро ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони оянда 16 нафар – ҲХДТ, 3 нафар – Ҳизби аграрӣ, 2 нафар –  ҲИИТ ва 1 нафар – Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. ҲНИТ-ро 1,5%, Ҳизби коммунистро – 2,3%, Ҳизби демократро – 1,7% ва ҲСДТ-ро – 0,5%-и интихобкунандагон ҷонибдорӣ намуда, ҳамин тариқ намояндагони ин ҳизбҳо ба парлумон роҳ наёфтанд.

Намояндагони ҲХДТ ҳамчунин дар 35 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ низ пирӯз шуданд. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ 16 нафар номзадҳои ҲХДТ ба курсиҳо дар парлумон соҳиб шуданд. Ҳамин тариқ, аз 63 курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ҲХДТ 51 курсиро ба даст овард.

Тибқи маълумоти КМИР Тоҷикистон, ба палатаи поёнии парлумон ҳамчунин 5 номзади Ҳизби аграрӣ (3 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 2 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ), 3 номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (2 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 1 нафар аз ҳавзаи якмандатӣ), 1 номзади Ҳизби сотсиалистӣ (аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ) ва 1 номзади Ҳизби демократ ва 2 нафар коммунистон (аз ҳавзахои якмандатӣ) низ роҳ ёфтанд.

Дар палатаи поёнии парлумон даъвати гузашта номзадҳои ҲХДТ 55 курсӣ, намояндагони ҲНИТ, ҲКТ, ҲИИТ ва ҲАТ ҳар кадоме ду курсиро ишғол карда буданд.

spot_imgspot_img

Популярное