Боздошти се нашъаҷаллоб дар Шаҳринав

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар деҳаи Селбури ноҳияи Шаҳринав дар гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар се шаҳрванд – сокинони ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ваҳдатро дастгир намуданд, ки аз онҳо 1 кг воситаи нашъаовари гашиш мусодира гардид. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, […]

ASIA-Plus



Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар деҳаи Селбури ноҳияи Шаҳринав дар гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар се шаҳрванд – сокинони ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ваҳдатро дастгир намуданд, ки аз онҳо 1 кг воситаи нашъаовари гашиш мусодира гардид.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, тафтишоти пешакӣ нишон додааст, дастгишудагон ният доштанд, маводи нашъаоварро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳанд. Айни ҳол чораҳои оперативӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ андешида шудаанд.

Гуфта мешавад, нисбати ин ҳодиса аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 3 – (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтишот давом дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшудагон ҳоло ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.