Ба 7 собиқадори ҶБВ дар Суғд аз номи президенти Русия медалҳои ҷашнӣ тақдим мешавад

Ба 7 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар вилояти Суғд аз номи президенти Русия медалҳои ҷашнӣ тақдим карда мешавад. Аз комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки медалҳои ҷашнии «70-солагии Ғалаба» ба сокинони вилоят, ки ҳам шаҳрванди Русияву хам шаҳрванди Тоҷикистонанд, супурда мешавад. Ба иттилои манбаъ, аввали ҳафтаи равон […]

Мавлуда Рофиева



Ба 7 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар вилояти Суғд аз номи президенти Русия медалҳои ҷашнӣ тақдим карда мешавад.

Аз комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки медалҳои ҷашнии «70-солагии Ғалаба» ба сокинони вилоят, ки ҳам шаҳрванди Русияву хам шаҳрванди Тоҷикистонанд, супурда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, аввали ҳафтаи равон намояндагони Конусулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ва раҳбарияти гарнизони ҳарбии вилояти Суғд ба ду нафар собиқадорони ҷанг аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Чкаловск чунин медалҳоро тақдим намуда, то ахири ҳафтаи равон боз ба 5 нафар собиқадорони ҷанг, сокинони шаҳри Хуҷанд низ чунин медалҳо супурда мешаванд.

Бино ба маълумоти ҳукумати вилояти Суғд, феълан дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар беш аз 250 нафар собиқадорони ҷанг зиндагӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.