Дар вилояти Суғд дар парванда нисбати директор ва кормандони хадамоти посбонии бозор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки наврас-тарбиятгирандаи интернатро то марг лату кӯб карда буданд, боз ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ илова шуд.
Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни тафтиши парвандаи мазкур баъзе далелҳои дигар низ ошкор гардида, ба парвандаи гумонбаршудагон боз ду моддаи нави Кодекси ҷиноии ҶТ – 104, қ. (Одамкушӣ) ва 112, қ. 2 (Барқасдона расонидани зарари сабук ба саломатӣ) низ илова шуданд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон директор ва кормандони хадамоти посбонии бозор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як наврас, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро барои дуздии маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ то марг лату кӯб карданд.
Директори бозори ҶДММ «Назари Нек» Рустам Ҷӯраев ва сардори хадамоти посбонии ин бозор Аҳлиддин Файзиев шабона дар қаламрави бозор ду наврас – толибилмони синфи 10-уми мактаб-интернати шаҳри Чкаловскро, ки дар он ноболиғони ятим ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат тарбият мегиранд, боздошт намуданд. Наврасон маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ аз хазинаро дуздида буданд. Онҳо наврасонро лату кӯб намуда, дар натиҷа бар асари ҷароҳатҳо яке аз наврасони ятим ҳалок ва дигарӣ дар бемористон бистарӣ шуд
Аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 110, қ.3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошад) нисбати директори бозор, сардори хадамоти посбонӣ ва як посбон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.



