Раиси ҲСДТ натиҷаҳои интихоботро шарҳу тавзеҳ дод

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки бартараф сохтани мухолифин маънои онро дорад, ки ҳукумати вақт тамоми масъулият оид ба вазъи ҷумҳуриро танҳо ба дӯши худ мегирад. «Ҳамзамон ҳукумат ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ба масъалаи натиҷаҳои кори Комиссияи ризоияти миллӣ солҳои 1997-200 нуқта мегузоранд», – омадааст дар изҳороти […]

Пайрав Чоршанбиев



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки бартараф сохтани мухолифин маънои онро дорад, ки ҳукумати вақт тамоми масъулият оид ба вазъи ҷумҳуриро танҳо ба дӯши худ мегирад.

«Ҳамзамон ҳукумат ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ба масъалаи натиҷаҳои кори Комиссияи ризоияти миллӣ солҳои 1997-200 нуқта мегузоранд», – омадааст дар изҳороти имрӯз, 10 март интишоршудаи раиси ҲСДТ.

Ба андешаи Зойиров, бо бартараф кардани мухолифин дар шароити имрӯза, ҳукумат ва ҲХДТ ба иштибоҳи сиёсӣ ва идеологӣ роҳ доданд. «На давлату ҷомеа, балки ҳокимияти давлатӣ бо бартараф кардани мухолифон аз иштирок дар фаъолияти парлумони кишвар ҳамчун мақоми ягонаи рушди демократии ҷумҳурӣ ба хатогӣ роҳ доданд», – қайд мегардад дар изҳорот.

Раиси ҲСДТ зикр мекунад, ки «интихобот бе интихоб монд ва бори нахуст аксариятро ҳатто аз ҳуқуқи интихоб (дар ин бора шумори варақаҳои ғайриҳаққонӣ эътирофшуда гувоҳӣ медиҳанд, яъне овоздодагон ба ҷонибдории мухолифин) маҳрум карданд ва дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот на қувваи ҳуқуқ (қонун), балки ҳуқуқи қувва (суистеъмол аз ҳукуматдорӣ) намоиш дода шуд».

«Эътирофи ношаффоф ва ғайризод баргузор шудани интихобот ҳоло моҳияти натиҷаҳои бадастомадаро нишон намедиҳад, зеро натиҷаҳои интихобот дар ҷараёни он ба даст наомаданд, балки маҳсули дахолати мутстақим, дағалона ва дидаву донистаи ҳамаи дастгоҳи ҳукумат дар ҷараёни интихобот ва раъйдиҳӣ, тобеъияти комиссияҳои интихоботӣ аз боло то ба поён на ба иродаи интихобкунандагон, балки ба иродаи таҳмилшудаи ҳокимияти давлатӣ ба ҷомеа ва комиссияҳои интихоботӣ аст», – таъкид мекунад Раҳматилло Зойиров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.