Дар остонаи ҷашни 8 Март рӯзномаи бритониёии «Гардиан» ба ифтихори занони рӯзноманигори собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ як мавод ба табъ расонид.
Дар ин мавод таҳти унвони «Мо овоз хоҳонем: занон дар паҳнои Шӯравӣ барои ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд» муаллиф рӯйхати занони рӯзноманигори далер аз кишварҳои узви ИДМ-ро тартиб додааст.
Дар ин рӯйхат Тоҷикистонро Олга Тутубалина намояндагӣ мекунад. Нашрия О.Тутубалинаро журналисти ҷасур номида, қайд мекунад, ки ӯ аввали солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон ба фаъолияти рӯзноманигорӣ шурӯъ намудааст: «Дар замони душвор. Дар Тоҷикистон муҳит барои муколама пайваста коҳиш меёфт. Ба назар мерасад, ки сол то сол дар ҳукумати Тоҷикистон ҷасурӣ афзоиш ёфта, таҳаммулпазириву интиқод рӯ ба коҳиш мениҳад».
Гардиан аз даъвои судӣ оид ба парвандаи зиёин дар соли 2013 низ ёдовар мешавад: «Соли 2013 Тутубалина барои нашри иқтибос аз Владимир Ленин дар бораи зиёиён ба ҷавобгарӣ кашида шуда, судро бохт».
«Ин як шоу (мазҳака) буд. Муҳим он аст, ки дар чунин низоми носолим ҳоло ҳам зиёиёни воқеъӣ, соҳибкасбони бовиҷдон, хоксор ва беғараз ҳастанд, ки дар ҳама гуна ҳолат истодагарӣ мекунанд ва ҳамеша чизҳоро бо номи худашон зикр мекунанд», – менависад нашрия бо такя ба гуфтаҳои Тутубалина.
Дар нашрияи бритониёӣ ҳамчунин қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон торнамоҳои интернетии расонаҳо бидуни шарҳи сабаб мунтазам баста мешаванд.



