«Гардиан» Олга Тутубалинаро рӯзноманигори шуҷоъ номид

Дар остонаи ҷашни 8 Март рӯзномаи бритониёии «Гардиан» ба ифтихори занони рӯзноманигори собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ як мавод ба табъ расонид. Дар ин мавод таҳти унвони «Мо овоз хоҳонем: занон дар паҳнои Шӯравӣ барои ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд» муаллиф рӯйхати занони рӯзноманигори далер аз кишварҳои узви ИДМ-ро тартиб додааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистонро Олга Тутубалина […]

ASIA-Plus



Дар остонаи ҷашни 8 Март рӯзномаи бритониёии «Гардиан» ба ифтихори занони рӯзноманигори собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ як мавод ба табъ расонид.

Дар ин мавод таҳти унвони «Мо овоз хоҳонем: занон дар паҳнои Шӯравӣ барои ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд» муаллиф рӯйхати занони рӯзноманигори далер аз кишварҳои узви ИДМ-ро тартиб додааст.

Дар ин рӯйхат Тоҷикистонро Олга Тутубалина намояндагӣ мекунад. Нашрия О.Тутубалинаро журналисти ҷасур номида, қайд мекунад, ки ӯ аввали солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон ба фаъолияти рӯзноманигорӣ шурӯъ намудааст: «Дар замони душвор. Дар Тоҷикистон муҳит барои муколама пайваста коҳиш меёфт. Ба назар мерасад, ки сол то сол дар ҳукумати Тоҷикистон ҷасурӣ афзоиш ёфта, таҳаммулпазириву интиқод рӯ ба коҳиш мениҳад».

Гардиан аз даъвои судӣ оид ба парвандаи зиёин дар соли 2013 низ ёдовар мешавад: «Соли 2013 Тутубалина барои нашри иқтибос аз Владимир Ленин дар бораи зиёиён ба ҷавобгарӣ кашида шуда, судро бохт».

«Ин як шоу (мазҳака) буд. Муҳим он аст, ки дар чунин низоми носолим ҳоло ҳам зиёиёни воқеъӣ, соҳибкасбони бовиҷдон, хоксор ва беғараз ҳастанд, ки дар ҳама гуна ҳолат истодагарӣ мекунанд ва ҳамеша чизҳоро бо номи худашон зикр мекунанд», – менависад нашрия бо такя ба гуфтаҳои Тутубалина.

Дар нашрияи бритониёӣ ҳамчунин қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон торнамоҳои интернетии расонаҳо бидуни шарҳи сабаб мунтазам баста мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.