ИЖТ номи гирандагони ҷоизаи ба номи А.Лоҳутиро эълон мекунад



Дар ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, ки шурӯъ аз соли 1994 дар Тоҷикистон ҳамасола санаи 11 март таҷлил мегардад, дар Театри академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки намояндагони ВАО ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, дар он журналистони беҳтарин бо ҷоизаву мукофотҳо қадрдонӣ ва ҳамчунин ба ин муносибат консерти устодони санъати кишвар баргузор мешавад.

Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ аз ҷониби ИЖТ ва Вазорати фарҳанги ҶТ созмон дода шуда, ба чанде аз рӯзноманигорон ҷоизаву мукофотҳо супурда мешаванд.

«Пагоҳ Комиссия оид ба ҷоизаҳои ИЖТ аз озмуни навбатӣ миёни журналистон барои дарёфти ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ натиҷагирӣ карда, ҷоизаҳоро ба ғолибон тақдим мекунад», – қайд кард А.Сатторов.

Қобили зикр аст, ки таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик аз санаи 11 марти соли 1912, рӯзи нашри шумораи нахусти газетаи «Бухорои шариф» бо забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Қаблан дар замони шӯравӣ Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон чун дар ҳамаи қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 5 май ҷашн гирифта мешуд.

spot_imgspot_img

Популярное