ИЖТ номи гирандагони ҷоизаи ба номи А.Лоҳутиро эълон мекунад

Дар ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, ки шурӯъ аз соли 1994 дар Тоҷикистон ҳамасола санаи 11 март таҷлил мегардад, дар Театри академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки намояндагони ВАО ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, дар он журналистони беҳтарин бо ҷоизаву мукофотҳо қадрдонӣ ва ҳамчунин ба ин муносибат консерти устодони санъати кишвар баргузор мешавад. Раиси Иттиҳоди журналистони […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, ки шурӯъ аз соли 1994 дар Тоҷикистон ҳамасола санаи 11 март таҷлил мегардад, дар Театри академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки намояндагони ВАО ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, дар он журналистони беҳтарин бо ҷоизаву мукофотҳо қадрдонӣ ва ҳамчунин ба ин муносибат консерти устодони санъати кишвар баргузор мешавад.

Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ аз ҷониби ИЖТ ва Вазорати фарҳанги ҶТ созмон дода шуда, ба чанде аз рӯзноманигорон ҷоизаву мукофотҳо супурда мешаванд.

«Пагоҳ Комиссия оид ба ҷоизаҳои ИЖТ аз озмуни навбатӣ миёни журналистон барои дарёфти ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ натиҷагирӣ карда, ҷоизаҳоро ба ғолибон тақдим мекунад», – қайд кард А.Сатторов.

Қобили зикр аст, ки таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик аз санаи 11 марти соли 1912, рӯзи нашри шумораи нахусти газетаи «Бухорои шариф» бо забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Қаблан дар замони шӯравӣ Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон чун дар ҳамаи қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 5 май ҷашн гирифта мешуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.