Мусоидати навбатии Хадамоти муҳоҷират ба дарёфти маоши муҳоҷирон



Ҳафтаи аввали моҳи март Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори навбатӣ ба дастрас шудани музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳаҷми ҳудуди 300 ҳазор рубл мусоидат намуд.

Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз номи гурӯҳи бинокорони тоҷик зодаи Конибодом Шералӣ Деҳқонов бо дархости кумак ба дастрасии музди меҳнат  бо ариза ба намояндагӣ муроҷиат намуда изҳор доштааст, ки щиркати сохтмонии «Веста»-и шаҳри Маскав бо сабабҳои номаълум муддатест, ки музди меҳнати онҳоро пардохт намекунад.

Ба гуфтаи ӯ, баъди гуфтушуниди кормнади намояндагӣ бо раҳбарияти ин ширкат, қисмате аз музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик дар ҳаҷми 250 ҳазор рубл пардохт гардида, ширкат ваъда додааст, ки ҳаҷми боқимондаи маоши муҳоҷиронро дар фурсати наздиктарин пардохт мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин бо мусоидати намояндагӣ ба сокини деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ Ҳукмиддин Мирзоев низ, ки дар ширкати «Спецстройкомплект»-и шаҳри Подолск машғули кор буд, қарздорӣ аз музди меҳнат ба маблаги 40 ҳазор рубл пардохт карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное