Дастури Убайдуллоев оид ба назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳр

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо ширкати роҳбарони субъектҳои алоҳидаи шаҳрӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдории пойтахт баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа масъалаҳои истифодаи мақсадноку таъинотии қитъаҳои замин аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ, пешгирӣ аз ғасби замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ, андешидани чораҳои […]

ASIA-Plus



Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо ширкати роҳбарони субъектҳои алоҳидаи шаҳрӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдории пойтахт баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа масъалаҳои истифодаи мақсадноку таъинотии қитъаҳои замин аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ, пешгирӣ аз ғасби замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ, андешидани чораҳои муассири қонунӣ алайҳи шаҳрвандоне, ки дар самти заминистифодабарӣ нисбати муқаррароти қонун беэътиноӣ зоҳир намуда, ба ҷиноятҳои такрорӣ даст мезананд, пурзӯр намудани назорати прокурорӣ, пеш аз ҳама аз болои масъулини мақомоти зидахли назорати давлатӣ, ки бинобар хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматияшон ба бунёди сохтмонҳои ғайриқонунӣ боис мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи прокурори нави шаҳри Душанбе Хайрулло Саидзодаро бо истифода аз ваколатҳое, ки қонунгузор ба мақомоти прокуратура  муқаррар намудааст нисбати расидагӣ ба масъалаҳои зикршуда ва дар маҷмуъ сафарбарии тамоми имконият бобати беш аз ҳарвақта  таъмин намудани волоияти қонун равона сохт.

«Вобаста ба таъмини амнияти истеъмолии шаҳрвандон, вазъи санитарию эпидемиологӣ, риояи қоидаҳои зиддисӯхторӣ ва роҳ надодан ба ғасби замину сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар ҳудуди бозорҳои коммуналию хусусӣ, дастур гашт, ки қабл аз ҳама фаъолияти КВД «Бозори деҳқон» ва ҶДММ «Шанхай-бозор» аз ҷониби сохторҳои марбута ва прокуратураи шаҳри Душанбе ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дастгирии соҳибкории ватанӣ комилан ва таври касбӣ таҳқиқ карда шуда, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шуд, ки фаъолияташро дар самти назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави шаҳр пурзӯр намояд», – қайд мешавад дар иттилои мақомоти шахрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар ҷаласа инчунин масъалаҳои вусъати иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андоз, мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба таъини ғайриқонунии нафақаҳои маъюбӣ ба шаҳрвандон, сарфаву сариштакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда дар шаҳр ва роҳандозии ҳамаҷонибаи омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ матраҳ ва ба масъулин супоришҳои мушаххас ироа карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.