Боздошти 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони қатли Қувватов

Васоити ахбори умуми Туркия иттилоъ медиҳанд, ки ҳадди ақал 3 шаҳрванди Тоҷикистон метавонанд ба қатли Умаралӣ Қувватов гумонбар дониста шаванд. Бино ба иттилои хабаргузории туркии «Хабер» , куштори Қувватов ҳанӯз се моҳ қабл тарҳрезӣ шуда, фармоишгарон заҳролуд шудани ӯро пешбинӣ карда буданд, вале ӯ инро пай бурда, то ба кӯча баромадан фурсат пайдо кардааст, ки […]

ASIA-Plus



Васоити ахбори умуми Туркия иттилоъ медиҳанд, ки ҳадди ақал 3 шаҳрванди Тоҷикистон метавонанд ба қатли Умаралӣ Қувватов гумонбар дониста шаванд.

Бино ба иттилои хабаргузории туркии

«Хабер»

, куштори Қувватов ҳанӯз се моҳ қабл тарҳрезӣ шуда, фармоишгарон заҳролуд шудани ӯро пешбинӣ карда буданд, вале ӯ инро пай бурда, то ба кӯча баромадан фурсат пайдо кардааст, ки дар он ҷо ҳадафи тир қарор гирифт.

Тибқи маълумоти ВАО-и Туркия, яке аз гумонбаршудагон Қувватов ва оилаи ӯро заҳр хӯронида, дигарӣ дар наздикии он манзил қарор доштааст ва ҳамроҳи дигари онҳо бевосита дар куштани Қувватов даст доштааст. Макомоти пулис тибқи нишондоди писари 11-солаи Қувватов акси эҳтимолии қотил (фоторобот)-ро таҳия намудаанд.

Нaberturk.com дар ин робита менависад, ду нафар аз гумонбаршудагон бо Қувватов шинос буда, мақомоти пулис онҳоро зимни амалиёти шабона боздошт кардааст. «Хабер» иттилоъ медиҳад, ки номи яке аз боздоштшудагон Сулаймон аст, ки ӯ суиқасдро тибқи фармоиш дар Истамбул ташкил кардааст.

Нашрияҳои Туркия ҳамчунин иттилоъ медиҳанд, ки вақте ки Қувватов бо аҳли оилааш дар масҷиди воқеъ дар ноҳияи Фотеҳи Истамбул иқомат дошт, Сулаймони бепулу бехона низ муддате он ҷо зиндагӣ кардааст.

Ба гуфтаи муаззини ин масҷид, ба ивази зиндагӣ дар масҷид Сулаймон ба рӯбучини қаламрави масҷиду тоза нигоҳдории он уҳдадор шуда буд. Айни замон муаззини масҷид изҳор доштааст, ки акнун ӯ низ аз суиқасд ба ҷонаш нигарон аст.

Мақомоти пулиси Туркия то ҳол дар ин хусус расман ҳеҷ шарҳу тавзеҳоте надодаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади Умаралӣ Қувватов, ки рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуд, рӯзи 9 март дар ин кишвар

ба хок супурда шуд.

 Маросими ҷанозаи Қувватов дар ҳамон масҷиде, ки муддате ӯ бо аҳли оилааш дар он иқомат дошт, баргузор гардид.

https://www.youtube.com/watch?v=l72KqXo4HPQ

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.