Намояндагони САҲА аз назари ҲХДТ оид ба интихобот воқиф гаштанд



Охири ҳафтаи сипаришуда муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода намояндагони масъули Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба назорати маъракаи интихобот ва ҳуқуқи инсон ҷаноби Миклош Ҳарастӣ ва хонум Даря Папротскаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар мулоқот перомуни натиҷаҳои муқаддамотии эълоншудаи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ҷумҳурӣ табодули назар сурат гирифт.

Гуфта мешавад С. Фаттоҳзода дар мавриди интихоботи ба таври озоду шаффофу демократӣ баргузоршуда, маъракаи вусъатбори таблиғотӣ, интишори теъдоди зиёди варақаю мусаввараҳо ва шиору дигар анвои ташвиқотӣ изҳори назар карда, таъкид дошт, ки ҲХДТ воқеан ҳам аз тамоми имкониятҳои қонунии маъракаи интихоботӣ ба шумули васоити ахбори омма, радио, телевизион, мулоқоту вохӯриҳо ва таблиғоти “хона ба хона” ба таври самарабахш истифода карда, дар натиҷа раъйи аксарияти интихобкунандагонро ба даст овард.

spot_imgspot_img

Популярное