Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ директори корхонаи хусусии ҶДММ «Озод-Ойл» Садриддин Каримовро ба 7 соли зиндони низомаш шадид ва пардохти ҷарима ба маблағи 2 млн. 451 ҳазору 861 сомонӣ ба нафъи давлат маҳкум кард. Ӯ ҳамчунин аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ дар муддати 5 соли пас аз озодӣ низ маҳрум карда шуд.
Аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки С.Каримов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 292, қ. 2-и КҶ ҶТ (Даст кашидан аз пардохти андоз ва (ё) боҷҳо аз шахсони ҳуқуқӣ» гунаҳкор дониста шудааст. Мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи мазкур таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сафарбек Нурализода доир гардид. Тибқи маълумоти суд, Садриддин Каримов мавриди қонуни афви ба ифтихори 20-умин солгарди Конститутсияи Тоҷикистон эълоншуда қарор гирифта, сеяки муҳлати ҷазои ӯ кам карда шуд.
Дар мурофиаи судӣ С.Каримов ба гуноҳаш иқрор нашуд, вале айби ӯ ҳангоми тафтишоти суратгирифта тибқи аризаи сардори Раёсати Агентии зиддифасод дар шаҳри Душанбе Собиров Д. собит гардид.



