Боздиди намояндаи махсуси дабири кулли СММ аз АНМН

Рӯзи 11 март дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назарзода бо намояндаи махсуси котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, сарвари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда, сафир Мирослав Енча баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ, ки бо ташаббуси Маркази Минтақавии СММ оид […]

ASIA-Plus



Рӯзи 11 март дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назарзода бо намояндаи махсуси котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, сарвари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда, сафир Мирослав Енча баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ, ки бо ташаббуси Маркази Минтақавии СММ оид ба Дипломатияи Пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ ташкил карда шуда буд, Директори Агентӣ меҳмонро бо вазъи баамаломада вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, Афғонистон инчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд.

Инчунин Р. Назарзода меҳмонро оид ба ташкил ва гузаронидани амлиётҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фелдератсияи Россия, Афғонистон ва Хитой дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шинос кард.

Директори Агентӣ оид ба чораҳои андешидашуда аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, дар бораи фаъолияти Агентӣ, комёбиҳо ва дурнамои рушд муфассал нақл намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва сеҷонибаи минтақавӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм баррасӣ гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар боз ҳам таҳким меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.