ИА муносибат ба масоили амният дар Осиёи Марказиро бозбинӣ мекунад

Зимни ҷаласаи имрӯза дар Душанбе таҳти унвони «Таҳдидҳои нав дар бахши амният дар Осиёи Марказӣ», ки дар доираи Муколамаи сатҳи баланд оид ба амният байни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Осиёи Марказӣ мегузарад, муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмид изҳор намуд, ки ИА ба ҳамкориҳояш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти таҳкими […]



Зимни ҷаласаи имрӯза дар Душанбе таҳти унвони «Таҳдидҳои нав дар бахши амният дар Осиёи Марказӣ», ки дар доираи Муколамаи сатҳи баланд оид ба амният байни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Осиёи Марказӣ мегузарад, муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмид изҳор намуд, ки ИА ба ҳамкориҳояш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти таҳкими амният дар минтақа бояд тақвият бахшад.

Х.Шмид зикр кард, ки айни замон Иттиҳоди Аврупо муносибат ба масоили амният дар минтақаи Осиёи Марказиро бозбинӣ мекунад ва таъкид дошт, ки таъини намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили амният дар минтақа ва ҳамчунин густариши робитаҳои мутақобила бо кишварҳои минтақа дар ин масоил бар асоси ҳамкориҳои дуҷониба дар назар аст.

Ба гуфтаи ӯ, вазъи марбут ба таъмини амният дар минтақаро як қатор омилҳо, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра мушкил месозанд.

«Имрӯз шумори зиёди одамон ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро, аз ҷумла ДИИШ шомил мегарданд. Аз нигоҳи ҷанбаҳои зиёде Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар як қаиқ саворанд. Аз ин рӯ, мо бояд роҳу воситаҳои муқовимат ва истодагарӣ бо ин таҳдидҳоро пайдо намуда, амалҳои муштарак алайҳи онҳоро таҳия созем», – таъкид дошт намояндаи Иттиҳоди Аврупо. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.