Омодагии ИА ба мусоидати бештар барои таҳкими амну субот

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмидро, ки барои иштирок дар Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Осиёи Марказӣ оид ба амният ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи […]



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмидро, ки барои иштирок дар Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Осиёи Марказӣ оид ба амният ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳам мавзӯъҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат аз ҷумла изҳор дошт: “Итиҳоди Аврупо дар минтақаи аз назари геополитикӣ муҳими Осиёи Марказӣ, ки дар сафи пеши мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалии муосир қарор дорад, метавонад дар симои Тоҷикистон шарики муътамад ва стратегии худро бубинад”.

Ҳелга Мария Шмид дар навбати худ ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидаташ ба эҳёи ҳаёти осоишта дар Афғонистон баҳои баланд дод.

Бо назардоштии вобастагии амну суботи минтақа бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштан ва таҳкими эътидоли сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ бояд ба татбиқи лоиҳаҳои ба рушди ҳамаҷонибаи минтақа нигарондашуда ҷаҳду талош кард.

Ҳелга Мария Шмид омодагии Иттиҳоди Аврупоро ба мусоидати бештар ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа барои таҳкими амну субот аз тариқи дастгирии рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таъйид кард.

Изҳори бовар карда шуд, ки доира ва самтҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо минбаъд беш аз пеш густариш меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.