Мусодираи 27 кило маводи мухаддир дар минтақаи наздимарзии Фархор

Рӯзи 7 марти соли равон 1 ҳодисаи ғайриқонуни вайрон намудани хати сарҳад ба қайд гирифта шуд, ки аз тарафи сарҳадбонони тоҷик ва кормандони фаврии РКДАМ ҶТ пешгирӣ карда шуд. Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Фархор»-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ дар қитъаи сарҳади […]

ASIA-Plus



Рӯзи 7 марти соли равон 1 ҳодисаи ғайриқонуни вайрон намудани хати сарҳад ба қайд гирифта шуд, ки аз тарафи сарҳадбонони тоҷик ва кормандони фаврии РКДАМ ҶТ пешгирӣ карда шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Фархор»-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон як гурӯҳи номаълуми қочоқбарони афғон, ки сарҳади давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур менамуданд, бо наряди сарҳадбонони тоҷик ва кормандони фаврӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Сарҳадбонон мувофиқи Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадӣ амал намуда, вайронкунии сарҳадро пешгирӣ намуданд.

 «Мутаасифона байни сарҳадбонони тоҷик ва вайронкунандагони сарҳад задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, сарҳадбонони тоҷик чусту чолокӣ ва муқовимат нишон доданд, ки дар натиҷаи он шахсони номаълуми қочоқбарони афғон тариқи ҷангалзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи соҳили Афғонистон баргаштанд», – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ҷустуҷӯ ва азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 нафар қочоқбарони тоҷик дастгир шуданд, ки яке Умаров Шӯҳрат Исоевич соли таваллуд 1983 миллат тоҷик, маълумот олӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор ва дуюмин Завқибеков Сайфидин соли таваллуд 1990, миллат тоҷик, маълумот миёна, муҷаррад, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор кӯчаи Н.Исҳоқӣ хонаи №2, ки дар вақти боздошт, ҳамроҳи худ бо 19 кг 400 гр героин,  7 кг 500 гр афюн доштанд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.