Раиси ИЖТ журналистонро бо иди касбиашон табрик кард

Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳуриро бо иди касбиашон – Рӯзи матбуоти тоҷик табрик кард. Матни табрикотии раиси ИЖТ-ро дар зер манзуратон мегардонем: «Ҳамкасбон ва ҳамқаламони гиромӣ! Дунёи зудтағйирпазири пуртазод имрӯз дучори буҳрони шадиди маънавист. Иттилоот чун манбаи асосии ташаккули тафаккур ва инкишофи ҷомеа қимати худро аз пештара бештар […]

ASIA-Plus



Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов намояндагони васоити ахбори умуми ҷумҳуриро бо иди касбиашон – Рӯзи матбуоти тоҷик табрик кард.

Матни табрикотии раиси ИЖТ-ро дар зер манзуратон мегардонем:

«Ҳамкасбон ва ҳамқаламони гиромӣ!

Дунёи зудтағйирпазири пуртазод имрӯз дучори буҳрони шадиди маънавист. Иттилоот чун манбаи асосии ташаккули тафаккур ва инкишофи ҷомеа қимати худро аз пештара бештар афзун намудааст. Даргириҳои минтақавӣ, авҷи ҷудоихоҳӣ ва аз самти муқобил томгароии комил рӯз аз рӯз ба кору фаъолияти Васоити ахбори умум таъсири амиқ мегузоранд. Дар чунин ҳолат кормандони ВАО бо мушкилиҳои хатарзо рисолати хешро иҷро менамоянд. Боиси таассуф аст, ки қатл ва таҳдиди журналистон аз ҷониби гуруҳу шабакаҳои тундгаро ва экстремистӣ пайваста сурат мегиранд. Ин боиси коҳиши озодии виҷдон, сухан ва дастрасии ВАО ба иттилооти муътамад мегардад.

Ҳамзамон, буҳрони иқтисодӣ, афзоиши қимати маводи чопӣ, таҳоҷуми иттилоотӣ ба матбуоти катбӣ Васоити ахбори умумро барои адои хизмати касбӣ сади роҳ гаштааст. Ин равандҳо аз мо – кормандони ВАО ваҳдати касбӣ, ҳамраъйӣ, ҷасорату шуҷоат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти баланди ҳирфаиро тақозо менамоянд.

Боиси хушнудист, ки матбуоти тоҷик сарфи назар аз чунин мушкилот ва монеаҳо рисолати касбияшро сарбаландона иҷро менамояд.

Инак, дар Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҳамкасбон, ҳамқаламон, шарикон ва кулли ҳаводорони матбуот пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда таманно дорам. Бигзор, матбуот чун минбари озод ва инъикосгари вазъи воқеии ҷомеа хидмати беғарази худро минбаъд низ ба сомон расонад».

Дар ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз соати 16-00 дар Театри академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки намояндагони ВАО


ҷамъомади тантанавӣ


доир гардида, дар он журналистони беҳтарин бо ҷоизаву мукофотҳо қадрдонӣ ва ҳамчунин ба ин муносибат консерти устодони санъати кишвар баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик аз санаи 11 марти соли 1912, рӯзи нашри шумораи нахусти газетаи «Бухорои шариф» бо забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Қаблан дар замони шӯравӣ Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон чун дар ҳамаи қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 5 май ҷашн гирифта мешуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.