Миннатпазирии САҲА ба кормандони фурудгоҳи Душанбе

Ба унвони роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) аз номи мушовири бахши мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бюрои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Питер Хайник мактуб ворид гардид. Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар нома аз ҷумла омадааст: «Бо арзи эҳтиром ва самимият мехоҳам миннатдории худро ба […]

ASIA-Plus



Ба унвони роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) аз номи мушовири бахши мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бюрои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Питер Хайник мактуб ворид гардид.

Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар нома аз ҷумла омадааст: «Бо арзи эҳтиром ва самимият мехоҳам миннатдории худро ба шумо барои ҳамкориҳои муфиди кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилали Душанбе» бо САҲА баён намоям».

Намояндаи САҲА дар ин робита қайд кардааст, ки дар давраи 22-28 феврал соли 2015 ҳангоми пешвоз ва гусели иштирокчиён ва ҳайатҳои расмии семинари байналмилалӣ-«Ҳамкориҳои минтақавӣ ва самаранокии мубориза бо ин қабил зуҳурот ба монанди ҷангиён-террористон», ки бо ибтикори  Бюрои САҲА дар Тоҷикистон баргузор гардид,  кормандони фурудгоҳи Душанбе аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.

«Алалхусус мехоҳам фаъолияти шӯъбаи таъмини нақшаи шабонарӯзии парвозҳои Хадамоти истеҳсолӣ- тиҷоратии фурудгоҳро қайд намоям, ки кормандони шуъбаи мазкур масъалаҳои ба миёномадаро фаврӣ ҳаллу фасл намуда, дар ниҳояти кор барои бо муваффақият анҷом ёфтани чорабинии мазкур мусоидат намуданд», – баён мегардад дар мактуби мазкур.

Дар идома гуфта шудааст: «Бо истифода аз мавриди муносиб, мехоҳам барои ҳамкориҳои муфид изҳори миннатдорӣ намуда, ба Шумо ва кулли кормандони корхонаатон комёбӣ ва пешравиҳоро таманно намоям».

Зимнан зикр гардид, ки бо ҳамин мазмун ба унвони роҳбарияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аз Бюрои САҲА оид ба масъалаҳои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон низ мактуб ворид гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.