Истиқболи раиси пойтахт аз нияти ширкатҳо оид ба саҳмгузорӣ дар таъмири роҳҳо



Рӯзи 10 марти соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба масъалаи тақвияти тадбирҳо ҷиҳати ободонии роҳҳо дар шаҳр ҷаласаи ихтисосии шаҳрдорӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, раиси пойтахт таваҷҷуҳи роҳбарони хадамоти дахлдорро бештар корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои кӯчаи Зебуниссо (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ), кӯчаи Борбад (аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор),  хиёбони Ҷ.Расулов (аз хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Р.Набиев) ва кӯчаи Ҳ.Ҳакимзода (аз кӯчаи Гагарин то кӯчаи Карамов) ҷалб намуда, дастур фармуд, ки қабл аз оғози муттасили корҳои нақшавӣ бобати дар шаҳр ба танбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳ надодан муҳлати иҷрои суръатноки корҳои лоиҳавиро дақиқ намуда, роҳҳои алтернативии ҳаракати воситаҳои нақлиётро муайян ва ҳолати хуби роҳҳои ҳамшафати тавсияшавандаро барои хизматрасонӣ таъмин созанд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон баҳри мақсаднок роҳандозӣ намудани фаъолияти Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо дар самти иҷрои меъёрии корҳои таъмири ҷорӣ муқаррар сохт, ки аз ҷониби раисони ноҳияҳо масъалаи таҷдиди сохторӣ ва фаъолияти литсензиявии онҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута баррасӣ карда шавад.

Зикр мегардад, ки дар ҷаласа ташаббуси 10 ширкатҳои роҳсозӣ оид ба тариқи эҳсонкорӣ саҳмгузорӣ намудан дар ободонии роҳҳо дар шаҳр ҷонибдорӣ гардида, инчунин дар партави он ба масъулин супориш дода шуд, ки барои пай дар пай бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, сафарбарсозии зарфиятҳои институтҳои шаҳрвандӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, аҳли ҷамоатчигӣ ба ифоқа овардани ҳолати роҳҳои дохилимаҳаллагузар бо инобати мусоид шудани боду ҳаво тадбирҳои муассир андешанд.    

spot_imgspot_img

Популярное