Истиқболи раиси пойтахт аз нияти ширкатҳо оид ба саҳмгузорӣ дар таъмири роҳҳо

Рӯзи 10 марти соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба масъалаи тақвияти тадбирҳо ҷиҳати ободонии роҳҳо дар шаҳр ҷаласаи ихтисосии шаҳрдорӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, раиси пойтахт таваҷҷуҳи роҳбарони хадамоти дахлдорро бештар корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои кӯчаи Зебуниссо (аз […]

ASIA-Plus



Рӯзи 10 марти соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба масъалаи тақвияти тадбирҳо ҷиҳати ободонии роҳҳо дар шаҳр ҷаласаи ихтисосии шаҳрдорӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, раиси пойтахт таваҷҷуҳи роҳбарони хадамоти дахлдорро бештар корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои кӯчаи Зебуниссо (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ), кӯчаи Борбад (аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор),  хиёбони Ҷ.Расулов (аз хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Р.Набиев) ва кӯчаи Ҳ.Ҳакимзода (аз кӯчаи Гагарин то кӯчаи Карамов) ҷалб намуда, дастур фармуд, ки қабл аз оғози муттасили корҳои нақшавӣ бобати дар шаҳр ба танбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳ надодан муҳлати иҷрои суръатноки корҳои лоиҳавиро дақиқ намуда, роҳҳои алтернативии ҳаракати воситаҳои нақлиётро муайян ва ҳолати хуби роҳҳои ҳамшафати тавсияшавандаро барои хизматрасонӣ таъмин созанд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон баҳри мақсаднок роҳандозӣ намудани фаъолияти Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо дар самти иҷрои меъёрии корҳои таъмири ҷорӣ муқаррар сохт, ки аз ҷониби раисони ноҳияҳо масъалаи таҷдиди сохторӣ ва фаъолияти литсензиявии онҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута баррасӣ карда шавад.

Зикр мегардад, ки дар ҷаласа ташаббуси 10 ширкатҳои роҳсозӣ оид ба тариқи эҳсонкорӣ саҳмгузорӣ намудан дар ободонии роҳҳо дар шаҳр ҷонибдорӣ гардида, инчунин дар партави он ба масъулин супориш дода шуд, ки барои пай дар пай бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, сафарбарсозии зарфиятҳои институтҳои шаҳрвандӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, аҳли ҷамоатчигӣ ба ифоқа овардани ҳолати роҳҳои дохилимаҳаллагузар бо инобати мусоид шудани боду ҳаво тадбирҳои муассир андешанд.    

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.