Ин замон мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо, ки барои иштирок дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Душанбе омадаанд, ҷараён дорад. Муколамаи мазкур имрӯз ба кор шурӯъ мекунад.
Қабл аз ин ҳайати Аврупоро таҳти сарварии муовини дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмидт вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла натиҷа ва хулосаҳои музокироти сиёсӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва равандҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, масъалаҳои муҳими минтақавӣ, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



