Густариши бештари ҳамкориҳои ВКД бо аҳли ҷомеа



Ахири ҳафтаи равон дар Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт, намояндагони «Эмерҷенсгрупп», аҳли ҷамоатчигӣ, меҳмонон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ маросими кушодашавии «Маркази ҳамоҳангсози ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмононро хайра мақдам гуфта, изҳор намуд, ки «Бо шарофати ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба бо Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо тавонистем имрӯз чунин як Маркази ниҳоят муҳим, яъне ««Маркази ҳамоҳангсози ҳамкории милитсия бо ҷомеа»-ро ифтитоҳ намоем.

Кушодашавии чунин Марказ имкон медиҳад, ки доир гардидани видео-конференсияҳо, гуфтугӯҳои мустақим бо вилоятҳо ва ҷаласаҳо бо аҳли ҷамоатчигӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шавад».

Сюзан Эллиотт зикр кард, ки баъд аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон Сафорати Амрико пайваста баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зиддӣ хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризм ва экстремизм бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд дошта, як қатор Барномаҳоро дар ин самт амалӣ менамояд. 

«Маркази ҳамоҳангсозии ҳамкории милитсия бо ҷомеа» ҷавобгӯ ба талаботи замон буда, дорои 23 компютер, 5-лавҳаи электронӣ ва 50 ҷои нишаст мебошад.

Дар фароҳам овардани чунин шароити замонавӣ ва мавриди истифода қарор додани Маркази мазкур саҳми «Эмерҷенсгруп» назаррас буда, он имконоти васеъро барои ҳамкории милитсия бо ҷомеа ба миён меорад. 

Ҳангоми сӯҳбат бо мо масъули «Эмерҷенсгруп» Бунавша Азимова иброз дошт, ки «Барномаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа» аз соли 2010 инҷониб дар 16 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ татбиқ гардида дар доираи амалисозии Барномаи мазкур 30 маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа аз таъмир бароварда шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар ин давра толорҳои варзишии ҳозиразамон ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ, сехҳои дӯзандагӣ барои бонувон дар вилояти Хатлон ва сехи қаннодӣ дар шаҳри Ваҳдат сохта ба истифода дода шуд.

Дар ин радиф мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фархор ва роҳбари гурӯҳи «Ҷомеа» Фариштамоҳ Абдуллоева иброз дошт, ки ҳамкории мардуми ноҳияи Фархор бо кормандони милитсия дар сатҳи хеле хуб қарор дошта, эътимоди онҳо ба ин ниҳод бузург аст, зеро тинҷию амонӣ, осоиштагии рӯзгор ва ободии Тоҷикистон маҳз аз хизмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобаста аст.

Чунин суханҳоро роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Моҳи Мунир» аз ноҳияи Қумсангир Зиёда Ашурова тақвият дода, қайд кард, ки ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва волоияти қонун ин дар ҳамкорӣ ва равобити пайвастаи аҳолӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус милитсия инъикос мегардад.  

spot_imgspot_img

Популярное