Маъракаи ниҳолшинонии раҳбарият ва фаъолони ҲХДТ дар Ҳисор

Кормандони дастгоҳи марказӣ ва бахшҳои Ҳизби халқии демкоратии Тоҷикистон дар пойтахт таҳти сарварии муовини аввали раиси ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода имрӯз дар боғи «3000-солагии Ҳисор» дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат меварзанд. Усмон Солеҳ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маърака беш аз 100 нафар […]

Аваз Юлдошев



Кормандони дастгоҳи марказӣ ва бахшҳои Ҳизби халқии демкоратии Тоҷикистон дар пойтахт таҳти сарварии муовини аввали раиси ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода имрӯз дар боғи «3000-солагии Ҳисор» дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат меварзанд.

Усмон Солеҳ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маърака беш аз 100 нафар фаъолони ҳизб иштирок мекунанд. «Фаъолони ҳизб имрӯз дар Ҳисор зиёда аз 3 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ мешинонанд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дастгоҳи марказии ҲХДТ ба тамоми бахшҳои аввалияи худ дар минтақаҳои кишвар дастур додааст, ки дар маъракаҳои сабзгардонӣ ва ниҳолшинонӣ ва парвариши боғу токзорҳо фаъолона саҳм гиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Фардо пойтахтро борон фаро гирифта, давоми ду рӯз идома меёбад

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.