Тағйирот дар кори фурудгоҳи пойтахт бар асари тумани ғализ

Тумани ғализе, ки имрӯз фазои шаҳри Душанберо фаро гирифт, ба ҷадвали парвози ҳавопаймоҳо аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) тағйирот ворид намуд. Сухангӯи ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар робита ба туман айни замон парвози се ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав ба таъхир афтодааст. «Мусофирони хатсайрҳои зикршуда дар дохили ҳавопаймоҳо […]

Аваз Юлдошев



Тумани ғализе, ки имрӯз фазои шаҳри Душанберо фаро гирифт, ба ҷадвали парвози ҳавопаймоҳо аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) тағйирот ворид намуд.

Сухангӯи ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар робита ба туман айни замон парвози се ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав ба таъхир афтодааст.

«Мусофирони хатсайрҳои зикршуда дар дохили ҳавопаймоҳо қарор дошта, тасмими парвоз аз ҷониби раҳбари сарнишинони тайёра қабул мешавад», – гуфт Шодиев.

Зимнан зикр гардид, ки, ба нишастани ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи Душанбе туман ҳеҷ монеъае эҷод намекунад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, туман дар фазои минтақаи ФБД тақрибан то соати 10:30-11:00 боқӣ хоҳад монд. Мизони биноӣ дар минтақаи ФБД айни замон 200 метрро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.