Боздиди намояндагони Ҷопон ва Ҷумҳурии Корея аз ВКХ Тоҷикистон

Рӯзи 13  марти соли 2015 вазири корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов роҳбари Намояндагии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Душанбе  Киёши Ишииро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва […]

ASIA-Plus



Рӯзи 13  марти соли 2015 вазири корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов роҳбари Намояндагии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Душанбе  Киёши Ишииро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва лоиҳаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳои судманд дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар соҳаҳои об ва беҳдошт ва инчунин омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 (9-11 июни соли 2015, Душанбе) табодули назар сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот Протоколи марбут ба татбиқи лоиҳаи “Бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳоли ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон” ба имзо расонида шуд.

Гуфта мешавад, худи ҳамин рӯз мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо кордори сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йом Ки Ёнг баргузор гашт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи тавсеаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар табодули назар карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.