Имрӯз сокинони Тоҷикистон метавонанд ройгон машварати тиббӣ гиранд



Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани Соли оила аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Оилаи солим – миллати солим» имрӯз, 14 март аз соати 8.00 то 12.00 дар муассисаҳои тиббии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тиб машварати тахассусии ройгон гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, чорабинии мазкур дар шаҳри Душанбе, дар саҳни Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология – кӯчаи Маяковский 2 (рӯ ба рӯи Сафорати Олмон дар Тоҷикистон) ва марказҳои саломатии шаҳрӣ баргузор гардида, дар он мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тиб, аз чумла профессорон ва мутахассисони варзида ширкат намуда, машварати тахассусии ройгонро ба аҳолӣ пешкаш мегардонанд.

Гуфта мешавад, дар доираи ин чорабинӣ сокинони кишвар имкон доранд дар муассисаҳои тиббӣ аз ташхиси набзу фишор, сабти барқии кори дил, муайян намудани миқдори қанд дар хун, муоинаи чашм, ташхиси флюрографӣ ба таври ройгон истифода намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное