Озмуни «Беҳтарин суханвари ҷавон дар пойтахти кишвар»и «Созандагони Ватан»

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар байни ҷавонони аз 18 то 30 сола таҳти унвони «Беҳтарин суханвари ҷавон дар пойтахти кишвар» озмун эълон мекунад. Тавре раиси ТҶҶ”Созандагони Ватан” Исфандиёр Абдураҳмонов хабар дод, дар озмун донишҷўён, журналистон ва соҳибкорону ҳунармандони ҷавон, ки ҳунари сухангўӣ доранд, иштирок карда метавонанд. «Мавзуъҳо озод буда, мазмуну муҳтавои он бояд фарогири […]

ASIA-Plus



Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар байни ҷавонони аз 18 то 30 сола таҳти унвони «Беҳтарин суханвари ҷавон дар пойтахти кишвар» озмун эълон мекунад.

Тавре раиси ТҶҶ”Созандагони Ватан” Исфандиёр Абдураҳмонов хабар дод, дар озмун донишҷўён, журналистон ва соҳибкорону ҳунармандони ҷавон, ки ҳунари сухангўӣ доранд, иштирок карда метавонанд.

«Мавзуъҳо озод буда, мазмуну муҳтавои он бояд фарогири ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон бошад. Ба ҳар иштирокчӣ барои нишон додани маҳорат аз 3 то 8 дақиқа вақт дода мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, довталабон бояд дар бораи худ маълумотнома (бо иловаи расм, суроға, нусхаи шиноснома) ва мавзӯи баромадашонро тавассути почтаи электронии [email protected] ирсол ва ё ба Кохи Ваҳдат, ошёнаи 4-ум дастрас намоянд.

«Муҳлати пешниҳоди мавзӯъҳо то 30 марти соли 2015 муқаррар шуда, иштирокчиёни озмун аз 3 то 10 апрел ба суҳбат даъват мешаванд. Рўзи баргузории озмун иловатан эълон хоҳад шуд», – гуфт И.Абдураҳмонов.

Зимнан зикр гардид, ки ғолиби озмун бо 1700 сомонӣ, зинаи дуюм бо 1100 сомонӣ ва зинаи сеюм бо 700 сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои архишманд қадрдонӣ шуда, ғайр аз ин ҷавонони соҳибистеъдод соҳиби Сертификат хоҳанд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.