Н.Бордюжа: Нақшаи тадбирҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД босамар амалӣ мегардад

Нимаи дуюми рӯзи 13 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ ба ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар СААД, афзалиятҳои раёсати кишвар ва омодагӣ ба ҳамоишҳои сатҳи баланд […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 13 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ ба ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар СААД, афзалиятҳои раёсати кишвар ва омодагӣ ба ҳамоишҳои сатҳи баланд ва олии он, ки дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Гуфта мешавад, рафти татбиқи амалии қарорҳои қаблан дар сатҳи олӣ қабулшуда, аз ҷумла доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва тақвияти имконоти техникӣ барои пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Николай Бордюжа ба Сарвари давлати Тоҷикистон, Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷараёни корҳо гузориш дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки нақшаи чорабиниҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД босамар амалӣ мегардад.

Доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои сиёсию иҷтимоӣ ва амниятӣ дар минтақаҳои доғи олам ва роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.